4 Октябр 2020 - 12:35
Шиносоии беш аз се ҳазор бемори мубтало ба корона дар Эрон; фавти 211 нафар

Сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз шиносоии беш аз се ҳазор бемори ҷадиди мубтало ба корона ва фавти 211 нафар дар 24 соати гузашта дар кишвар хабар дод.

ABNA24 : «Симо  Содоти Лорӣ» сухангӯи  Вазорати беҳдошти Эрон  рӯзи якшанбе дар бораи охирин омори мубталоён ба вируси корона дар кишвар гуфт: бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ, дар 24 соати гузашта, се ҳазору 653 бемори ҷадиди мубтало ба Ковид -19 дар Эрон шиносоӣ шуд, ки аз ин теъдод  як ҳазору 483 нафар бистарӣ шуданду ба бақияи беморон низ ба   сурати сарпоӣ хадамотӣ ироа шуд .

Лорӣ бо баёни ин ки маҷмӯи беморони Ковид - 19 дар Эрон ба 471 ҳазору 772 нафар расидааст, афзуд : муттаассифона дар 24 соати гузашта, 211 нафар аз беморони Ковид -и 19 ҷони худро аз даст доданд ва маҷмӯи ҷонбохтагони ин беморӣ дар кишвар ба 26 ҳазору 957 нафар расидааст .
Ба гуфтаи сухангӯии Вазорати беҳдошти Эрон, то кунун 389 ҳазору 966 нафар аз беморон беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мурраххас шудаанд .
Теъдоди афроди мубтало ба вируси корона дар ҷаҳон низ ба ҳудуди 35 миллион нафар расидааст, ки аз ин теъдод  дасти ками як миллион нафар ҷони худро аз даст доданду беш аз 26 миллион нафар  ҳам беҳбуд ёфтаанд .
 Амрико бо беш аз 7 миллиону 600 ҳазор мубтало ба вируси корона ва ҳудуди 214 ҳазор қурбонӣ, бештарин теъдоди мубталоён ва ҷон бохтанро ба худ ихтисос додааст .

342/